Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин гуфт, ба ҷанг бо кишварҳои узви НАТО майл надоранд


Владимир Путин
Владимир Путин

Президенти Русия гуфт, кишвараш барои ҷанг бо кишварҳои узви НАТО “далел, майл ва манфиати геополитикӣ, иқтисодӣ, сиёсиву низомӣ” надорад ва "ҳеч гоҳ" ба як кишвари узви Паймони Атлантикаи Шимолӣ ҳамла нахоҳад кард.

Владимир Путин ин изҳоротро рӯзи 17-уми декабр дар посух ба суол дар бораи баёнияи охири раисҷумҳури Амико Ҷо Байден баён дошт.

Байден дар аввали моҳи декабри имсол аз ҷумҳурихоҳон дар Конгресс хост, ки монеи ёриҳои бештари низомӣ ба Украина нашаванд. Ба ақидаи ӯ, Русия дар сурати пирӯзӣ бар Украина ба як кишвари узви НАТО ҳамла хоҳад кард.

Путин изҳороти охири Байденро "берун аз мантиқ" номид.

Соли гузашта низ Ҷо Байден ҳушдор дода буд, ки бархӯрди мустақими НАТО ва Русия боис ба Ҷанги сеюми ҷаҳонӣ хоҳад шуд.

Баҳси лафзии раҳбарони Русия ва Амрико дар ҳолест, ки ихтилофҳо дар Вошингтон бар сари идомаи кумакҳои молӣ ва низомӣ ба Киев афзоиш ёфтааст.

XS
SM
MD
LG