Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи мардуми Гурҷистон аз номзадии кишвар дар узвияти Иттиҳоди Аврупо


15 декабр, Тифлис
15 декабр, Тифлис

Дар Гурҷистон, ки бо як қарори Шӯрои Аврупо номзад ба узвият дар Иттиҳоди Аврупо гардид, ин ҳодисаро ҷашн гирифтанд.

Шоми 15 декабр тахминан бист ҳазор сокини ин кишвар ҳамроҳ бо президент ва аъзои ҳукумат ба нишони истиқболу шодӣ аз ин қарори деринтизор дар майдони Озодии Тифлис таҷаммӯъ карданд. Аз ин қарор ҳама нирӯҳои сиёсии кишвар, аз ҷумла вебсайти президенти сеюм Михаил Саакашвилӣ истиқбол карданд.

Мақомоти Гурҷистон гуфтанд, ки ҳамаи талаботи Иттиҳоди Аврупоро дар заминаи ислоҳот, аз ҷумла дар бахши низоми додгоҳӣ иҷро хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG