Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эъломи вазъи фавқулодда дар ду ноҳияи Қазоқистон


Мақомоти вилояти Ҷамбили Қазоқистон 14 декабр дар ду ноҳияи ин вилоят - Кордай ва Шу ба далели сардӣ вазъи фавқулода эълом кардаанд.

Роҳҳои мошингарди ноҳияҳо дар натиҷаи сардиҳои ахир, аз ҷумла боридани барфи зиёд аз 12 декабр марҳила ба марҳила баста шуданд.

Кормандони наҷоти Ҷамбил гуфтанд, то ҳол 2413 касро аз сардӣ наҷот доданд. Ҳудуди 600 кас ба хонаҳои худ баргашта, 1813 нафари дигарро дар марказҳои ташкилшуда ҷойгир кардаанд.

Расонаи "BES.media" иттилоъ дода, ки дар натиҷаи боридани барф ва шамоли сахт хатти интиқоли нерӯи барқ ба Шу канда шудааст. Дар чаҳор ноҳияи Ҷамбил ҳазорҳо нафар бе барқ мондаанд.

XS
SM
MD
LG