Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае 11 афсари полиси Эрон кушта шуд


Сарҳади Эрон бо Покистон
Сарҳади Эрон бо Покистон

Дар паи ҳамла ба идораи полисе дар шаҳри Роски вилояти ҷанубушарқии Сиистону Балуҷистони Эрон рӯзи 15 декабр 11 афсари полис кушта ва шумори зиёди дигар маҷрӯҳ шуданд. Полиси эронӣ гуфт, ки ҳамлагарон “кушта ё захмӣ шуданд”.

Алиризо Марҳаматӣ, муовини волии Сиистону Балуҷистон ҳодисаро “як ҳамлаи террористӣ” номид.

Хабаргузории давлатии ИРНА гуфт, ки ҳамлагарон узви “Ҷаиши адл”, як гурӯҳи “ҷиҳодиёни суннимазҳаб” мебошанд ва дар гузашта бо марзбонон ва ҳам Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ вориди даргирӣ шуда масъулияти ин ҳамлаҳоро ҳам ба ӯҳда гирифтаанд.

XS
SM
MD
LG