Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба халқ ҷабр мешавад." Вокунишҳо ба афзоиши нархи барқ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

"Корхона роҳашро ёфта, ҳал мекунад, вале барои халқ ҷабр мешавад." Хабари то 16 дарсад афзудани нархи нерӯи барқ барои аҳолӣ дар Тоҷикистон Муқимшоҳ Маҳмадалиев, сокини ноҳияи Восеъро нигарон кардааст.

Бар асоси қарори ҳукумат, аз 1-уми январи соли 2024 аҳолӣ барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 30,75 дирам хоҳад пардохт. Ҳоло сокинон барои ҳар киловат тақрибан 27 дирам медиҳанд. Қарори нав рӯзи 29-уми ноябри имсол қабул шуд.

"Як чиз зам мекунанд, вале..."

Муқимшоҳ Маҳмадалиев мегӯяд, азбаски дар баробари афзоиши нархи барқ маошу ҳаққи бознишастагии сокинон ба таври чашмрас боло бурда намешавад, пардохти он душворӣ хоҳад овард.

"Бибинед, нархи молу маҳсулот боло рафтааст. Мегӯянд, нафақаро бештар кардем. Як чиз аз ин тараф зам мекунанд, вале аз тарафи дигар андози замину нархи барқ чанд баробар гарон шудааст. Беҳтар аст, ки ҳамон нафақаро баланд накунанду нархи барқ ҳам боло наравад," – гуфт ӯ рӯзи 14-уми декабр.

Як намояндаи “Шабакаҳои тақсими барқ” (як шохаи "Барқи тоҷик") тасмими боло бурдани арзиши нерӯи барқро ба тавсияи Бонки Ҷаҳонӣ пайванд дод. Орифҷон Толибов рӯзи 14-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт: "Бонки Ҷаҳонӣ солҳои охир ба низоми энергетикии кишвар сармоягузорӣ мекунад. Як талаботи онҳо то як муҳлати муайян баланд бардоштани арзиши нерӯи барқ ба ҳисоб меравад."

Вай шарҳи бештар надод, ки феълан сармоягузории Бонки Ҷаҳонӣ дар бахши энержии ҷумҳурӣ чӣ қадар аст ва иҷрои тавсияҳои созмони молии байнулмилалӣ то куҷо аҳамият доранд. Бонки Ҷаҳонӣ се сол қабл бо пешниҳоди 134 миллион доллар ёрӣ ба "Барқи Тоҷик" гуфта буд, нархи нерӯи барқро бояд боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд.

Абдулло Ашӯров, рӯзноманигор ва коршиноси масоили иқтисодӣ, мегӯяд, Тоҷикистон дар ҳақиқат ваъда додааст, ки то соли 2025 нархи нерӯи барқро тадриҷан боло мебарад.

"Талко" 18,6 дирам; дигарон 70,35 дирам

“Яъне, коршарикони бонк аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардаанд, ки нархи барқро боло барад, то вазъи молиявии “Барқи Тоҷик”, умуман соҳаи гидроэнергетика, устувор шавад ва мунтазам фаъолияти хуб дошта бошад," -- шарҳ дод ӯ.

Ашӯров таъкид кард, ки низоми энержии Тоҷикистон низ барои боло бурдани арзиши нерӯи барқ ҳавасманд аст, зеро харҷи истеҳсол ва дастрас кардани барқ ба муштариён бо нархномаи ҳозира бароварда намешавад. "Илова ба ин, “Барқи Тоҷик” садҳо миллион сомонӣ қарздор аст ва онро бояд пардохт кунад,” – афзуд ӯ.

Видеоро дар инҷо бинед:

Аз соли нав нархи нерӯи барқ 16% боло меравад. Чаро?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:27 0:00

Дар нархномаи нав, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, арзиши нерӯи барқ барои ҳама идораву корхонаҳо яксон нест. Дар ин санад арзиши як киловат соат нерӯи барқ ба истиснои ширкати “Алюминийи тоҷик" (Талко) барои корхонаҳои дигари саноатӣ 70,35 дирам пешбинӣ гардидааст.

Пардохти пули барқ барои корхонаи "Алюминийи тоҷик" 18,6 дирам аст. Барои корхонаи "Азот" 46,40, дирам ва литсею гимназияҳои хусусӣ 52,79 дирам пешбинӣ шудааст. Дар гузашта аз пешниҳоди имтиёз ба баъзе ширкатҳо ва вуҷуди омилҳои коррупсионӣ дар низоми энержии кишвар баъзе танқидҳо садо додааст.

Пурсиши хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 14-уми декабр дар кӯчаҳои Душанбе нишон дод, ки назари сокинон дар бораи боло бурдани нархи барқ гуногун аст. Яке аз мусоҳибони мо гуфт, “барои мардуми камбизоат душвор мешавад. 200 сомонӣ нафақа мегирам, ба чӣ мерасад? Ҳар се моҳ 400 сомонӣ ҳаққи қувваи барқ месупорам."

Роҳгузари дигаре гуфт, “ин қадар нерӯгоҳ сохтаанд, лекин аз шаҳр берун барқ нест. Худатон фикр кунед, ки барқро намедиҳанд, боз гарон мекунанд."

Мақомоти Тоҷикистон дар чанд соли охир пайиҳам нархи нерӯи барқро боло мебаранд. Чизе, ки ҳар тирамоҳу зимистон ба хонаҳои мардум бо маҳдудият дода мешавад. Бори охир моҳи октябри соли гузашта таърифаи истифода аз нерӯи барқ тағйир ёфт. Аз 22,66 дирам ба 26,51 дирам барои ҳар киловат соат.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG