Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WSJ: Исроил нақбҳои "Ҳамос"-ро пури об мекунад


Артиши Исроил интиқоли оби баҳрро ба нақбҳое, ки гурӯҳи тундрави "Ҳамос"* дар навори Ғазза аз онҳо истифода мекунад, оғоз кардааст.

Нашрияи The Wall Street Journal иттилоъ дод, ки мақомоти Исроил аз ин кори худ Амрикоро огаҳ кардаанд.

Дар Вашингтон бар инанд, ки интиқоли об ба маҳви нақбҳо, ки ҷангҷӯён дар онҳо силоҳ ва лавозимоти ҷангӣ пинҳон мекунанд, кумак ва зербинои "Ҳамос"-ро вайрон хоҳад кард.

Ба иттилои расона, бархе аз мақомоти амрикоӣ нигаронӣ кардаанд, ки интиқоли оби баҳр метавонад интиқоли оби ошомиданиро ба навори Ғазза зери хатар гузорад ва ҳамчунин боис ба олуда шудани хок бо моддаҳои хатарзо шавад.

Артиши Исроил рӯзи 4-уми декабр гуфт, дар навори Ғазза беш аз 800 нақбро ошкор кардааст ва 500-тои он тахриб карда шудааст.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябри имсол бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва ҳудуди 240 тани дигар гаравгон гирифта шуданд.

Дар 68 рӯзи ҷанг шумораи кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ аз 18 ҳазор нафар гузашт, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд. Ба омори Исроил, аз оғози ҳамлааш ба Ғазза то ба ҳол 80 низомии ин кишвар кушта шудаанд.

*Амрико ва Иттиҳоди Аврупо гурӯҳи “Ҳамос”-ро созмони террористӣ медонанд

XS
SM
MD
LG