Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлаи мушакӣ ба Киев беш аз 50 кас осеб дидааст


Киев, Украина
Киев, Украина

Дар натиҷаи ҳамлаи мушакии низомиёни Русия ба шаҳри Киев шаби 12 ба 13-уми декабр 51 кас осеб дидааст.

Шаҳрдории Киев хабар дод, ки дар миёни осебдидаҳо шаш кӯдак низ ҳаст.

Ба навиштаи "Украинская правда", бонги хатар дар пойтахти Украина баъди рух додани чандин таркиш садо дод.

Низомиёни Русия бо мушакҳои болдор, ба эҳтимоли зиёд "Искандар" ба Киев ҳамла кардаанд. Ҳамаи мушакҳоро низоми дифои ҳавоии Украина сарнагун сохтааст.

Нерӯҳои ҳавоии Украина рӯзи 13-уми декабр гуфт, шаби гузашта 10 мушаки болдорро, ки ба самти Киев партота шуда буданд, сарнагун сохтанд. Манбаъ афзуд, навъи мушакҳо баъд аз таҳқиқ эълом мешавад.

Артиши Русия дар баробари мушак бо 10 бесарнишин низ ба Украина ҳамла кардааст. Ҳамаи онҳо сарнагун карда шудаанд.

XS
SM
MD
LG