Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати тими миллии футболи Тоҷикистон эълон шуд


Ситоди мураббиёни тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии мутахассиси хорватӣ Петар Шегрт ҳайати дастаи мунтахабро, ки ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 омода мешавад, эълон кард. 

Ба ҷамъомади таълимию тамринии дастаи мунтахаб 27 бозигар – 3 дарвозабон, 8 ҳимоятгар, 12 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар - даъват шудаанд:

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол», Душанбе), Далерҷон Баротов («Истаравшан», Истаравшан);

Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Зоир Ҷӯрабоев, Манучеҳр Сафаров (ҳарду аз «Нефтчӣ», Узбекистон), Аҳтам Назаров, Табрез Исломов, Содиқҷон Курбонов (ҳама аз «Истиқлол»), Холмурод Назаров («Равшан», Кӯлоб), Далер Имомназаров («Эсхата», Хуҷанд);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (ССКА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедах», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Бухоро», Узбекистон), Комрон Турсунов («Гокулам Керала», Ҳиндустон), Руслан Хайлоев («Тюмен», Русия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Ҳамадонӣ Камолов, Шервонӣ Мабатшоев, Алиҷони Буризод (ҳама аз «Истиқлол»), Вайсиддин Сафаров (КМВА, Душанбе), Алишер Шукуров («Кӯктош», Рӯдакӣ);

Ҳамлагарон: Рустам Соиров («Локомотив», Узбекистон), Шаҳром Самиев («Милсами», Молдова), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ», Турсунзода), Муҳаммадалӣ Азизбоев («Ҳосилот», Фархор).

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, нахустин ҷамъомади таълимию тамринии тими миллии кишвар аз 16-ум то 27-уми декабр дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб баргузор мешавад.

Мунтахаби Тоҷикистон ҷамъомади дуюмро аз 28-уми декабр то 7-уми январ дар пойтахти Иморот - шаҳри Абузабӣ - доир менамояд. Рӯзи 8-уми январ ҳайати дастаи миллии Тоҷикистон ба Қатар сафар хоҳад кард.

Зимнан, дар Ҷоми Осиё-2023 дар Доҳа мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои Қатар, Лубнон ва Чин рақобат мекунад. Тими миллии Тоҷикистон дар бозии аввалинаш дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё 13-уми январ бо дастаи Чин рӯбарӯ мешавад.

Футболбозони тоҷик дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 17-уми январ бо дастаи мизбон– мунтахаби Қатар - бозӣ мекунанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар даври сеюми марҳилаи гурӯҳии мусобиқот 22-юми январ бо тими миллии Лубнон қувва меозмояд.

Аз ҳар гурӯҳ ду даста ва инчунин чаҳор дастаи беҳтарин аз миёни ҷойҳои сеюм ба даври 1/8- ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 роҳ меёбанд.

Ҷоми Осиё-2023

Гурӯҳи «А»

Даври 1-ум

13-уми январи 2024 (шанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Чин – Тоҷикистон

Доҳа, варзишгоҳи Абдулло бин Халиф

Даври 2-юм

17-уми январи 2024 (чоршанбе)

Оғози бозӣ – соати 19:30

Тоҷикистон - Қатар

Доҳа, варзишгоҳи «Ал-Байт»

Даври 3-юм

22-юми январи 2024 (душанбе)

Оғози бозӣ – соати 20:00

Тоҷикистон - Лубнон

Доҳа, варзишгоҳи Ҷассим бин Ҳамад

Эзоҳ: замони оғози бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

XS
SM
MD
LG