Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон гузаргоҳи марзиашро бо Туркманистон баст


Марзи Узбекистон ва Туркманистон.
Марзи Узбекистон ва Туркманистон.

Узбекистон гузаргоҳи марзии "Фороб-Олот"-ро дар марз бо Туркманистон муваққатан бастааст. Ахиран шаҳрвандони зиёди Туркманистон тавассути ин гузаргоҳ вориди Узбекистон мешуданд.

Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон мегӯяд, гузаргоҳи "Фороб-Олот" ҳанӯз 20-уми ноябр баста шудааст.

Маълум нест, ин гузаргоҳ кай дубора ба фаъолият мепардозад.

Моҳҳои охир муҳоҷирати узбектаборони вилояти Лебапи Туркманистон ба Узбекистон афзоиш ёфтааст.

Туркманистон расман эълом кардааст, ки бештар аз 6,7 миллион аҳолӣ дорад, ки аз он 8-10 дарсадаш узбектабор ҳастанд.

XS
SM
MD
LG