Ин қатънома бо 152 раъй тарафдор ва 10 раъйи мухолиф қабул шуд. 23 кишвар аз раъй додан ба ин қатънома худдорӣ карданд.
Қатъномаи пешниҳодии Миср дар ҳоле дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул шуд, ки пешнависи ба ин монанд чанд рӯз пеш дар Шӯрои Амният бо ветои Амрико рӯбарӯ шуд.
Амрико ва Исроил рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо ҳашт кишвари дигар ба ин қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид раъйи мухолиф доданд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", ҳарчанд ин қатънома ғайриҳатмӣ аст, аммо бо таваҷҷуҳ ба раъйи мусбати аксар кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид он баёнгари дидгоҳи ҷаҳон ба ин ҷанг аст.
Линда Томас Гринфилд, сафири Амрико дар СММ, пеш аз раъйгирӣ дар хусуси ин пешнавис дар Маҷмаи умумӣ гуфт, дар ин қатънома нуқтаҳое вуҷуд дорад, ки ИМА аз онҳо ҳимоят мекунад, аз ҷумла, зарурати расидагии фаврӣ ба вазъияти бади инсонӣ дар Ғазза, ҳифозат аз ғайринизомиён ва озодии гаравгонҳо.
Раъйгирӣ дар бораи ин пешнавис ба дархости Қатар ва Мавритания анҷом шуд. Ин ду кишвар хоҳони баргузории ҷаласаи изтирории Маҷмаи умумии СММ ва раъйгирии кишварҳои узви СММ дар бораи ҷанги Ғазза шуда буданд.
Чанд соат пеш аз ин раъйгирӣ дар Маҷмаи умумии СММ, Ҷо Байден, раиси ҷумҳури Амрико ҳушдор дод, ки Исроил дар ҳоли аз даст додани ҳимоят дар саросари ҷаҳон аст.
Риёз Мансур, сафири Ташкилоти худгардони Фаластин дар СММ рӯзи сешанбе пас аз раъйи қотеи Маҷмаи умумӣ барои барқарории оташбаси инсондӯстона дар Ғазза, аз он истиқбол кард ва онро "рӯзе таърихӣ" хонд.
Риёз Мансур гуфт, "раъйи имрӯзи Маҷмаи умумӣ паёми қавӣ фиристод ва ин як рӯзи таърихӣ буд. Вазифаи ҳамаи мо ин аст, ки ба ин роҳ идома диҳем, то замоне ки шоҳиди поёни хушунат ва ҷанг алайҳи мардуми худ бошем".
Сафири Исроил дар СММ Гилод Эрдан ин қатъномаро ба сабаби онки "Ҳамос"-ро хитоб қарор надод, "риёкорона" хонд ва гуфт, ҳар гуна оташбасе дар ин вазъият танҳо ба бақои ин гурӯҳ ва идомаи хушунат дар минтақа кӯмак хоҳад кард.
Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва ҳудуди 240 тани дигар гаравгон гирифта шуданд. Дар 68 рӯзи ҷанг шумораи кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ аз 18 ҳазор нафар гузашт, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.
Дар ин байн ҷонибҳо ба муддати як ҳафта оташбас эълон карданд ва баъд аз поёни ин муҳлат, даргириҳо дигарбора аз сар гирифта шуд. Талошҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байнулмилалӣ барои поёни ин ҷанг ҳанӯз бенатиҷа будааст. Исроил мегӯяд, ки то озодии гаравгонҳо ва аз байн бурдани "Ҳамос" ҷангро идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам мегӯяд, ки дар баробари ҳамлаҳои Исроил истодагарӣ мекунад.
Гуфтугӯ