Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Қирғизистон нишасти хабарӣ баргузор намекунад


Содир Ҷабборов (Жапаров)
Содир Ҷабборов (Жапаров)

Сухангӯйи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов 12-уми декабр гуфт, раисҷумҳур Содир Ҷабборов имсол низ барои рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор намекунад.

Ба гуфтаи ӯ, нишасти солонаи хабарии президенти Қирғизистон ба далели "серкории ӯ" баргузор намешавад.

Вай афзуд, суолҳои ҷомеа дар ҷаласаи ҳисоботии Девони вазирони Қирғизистон, ки ба он рӯзноманигорон ҳам даъват мешаванд, матраҳ хоҳанд шуд.

Содир Ҷабборов соли дувум аст, ки барои рӯзноманигорон нишасти хабарӣ баргузор намекунад.

Президентҳои пешини Қирғизистон пайваста дар охири сол барои намояндагони расонаҳо нишасти хабарӣ баргузор карда, ба суоли онҳо посух медоданд.

XS
SM
MD
LG