Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳокими Озарбойҷон номзадии Алиевро пешниҳод мекунад


Илҳом Алиев
Илҳом Алиев

Номзади ҳизби ҳокими "Озарбойҷони нав” дар интихоботи пеш аз муҳлати президентии Озарбойҷон раиси ҷумҳурии ҳозира Илҳом Алиев хоҳад буд. Интихобот 7-уми феврали имсол мегузарад.

"Раҳбарияти ҳизб нақшаи чорабиниҳоро дар робита ба интихоботи ғайринавбатӣ таҳия карда, замони баргузории анҷуман рӯзҳои наздик эълом мешавад", - хабар додааст муовини раиси ҳизби ҳокими Озарбойҷон Таир Будагов.

Ба иттилои хабаргузории АПА, Будагов гуфтааст, "солҳо боз мегуфтанд, ҳар кӣ Қарабоғро озод кунад, президенти якумрии мо хоҳад буд. Фикр мекунам, Алиев дар давоми 20 соли сиёсатҳои худ ва хидматҳояш ба мардуми Озарбойҷон сазовори ин мақом шудааст".

Илҳом Алиев санаи интихоботи пеш аз муҳлати президентии ин кишварро 7-уми феврали соли 2024 таъйин кард. Бар асоси қонун, интихоботи навбатии президентии Озарбойҷон бояд соли 2025 баргузор мешуд.

Президенти Озарбойҷон тибқи тағйироте, ки соли 2016 ба Конститутсияи он кишвар ворид шуд, барои 7 сол интихоб мешавад. Қаблан давраи президентӣ 5 сол буд.

Интихоботи охири президентии Озарбойҷон 11-уми апрели соли 2018 баргузор шуда буд. Он вақт раҳбарони мухолифон интихоботро таҳрим карда, Алиевро ба худкомагӣ ва таъқиби дигарандешон гунаҳкор карданд.

XS
SM
MD
LG