Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қазоқистон 20 обанбори нав месозад


Ҳукумати Қазоқистон тасмим гирифтааст, ки бунёди 20 обанбори навро дар солҳои 2024-2026 оғоз кунад.

Хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон 11 декабр хабар дод, ки обанборҳои нав имкони захираи 24 километри мукааб обро хоҳанд дошт ва дар ҳудуди 9 вилояти он кишвар бунёд мешаванд.

Ҳамзамон 15 обанбори кунунӣ дар 9 вилояти Қазоқистон, ки имкони захираи 1,9 километри мукааб обро доранд, таъмир хоҳанд шуд.

Ба иттилои манбаъ, анҷоми ин корҳо дар "Маҷмуаи нақшаҳо барои рушди соҳаи обёрӣ дар Қазоқистон барои солҳои 2024-2030" пешбинӣ шудааст.

Хадамоти матбуотии ҳукумати Қазоқистон ҳадаф аз бунёди обанборҳои навро "таъмини амнияти обӣ ва ҳалли мушкили норасоии об дар кишвар" номидааст.

XS
SM
MD
LG