Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гуфтугӯи Путин ва Нетаняҳу. Телавив аз робитаҳои Маскав бо Эрон ва "Ҳамос" нохушнуд аст


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Расонаҳои Исроил гузориш доданд, ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири ин кишвар рӯзи якшанбе ночор шуд дар миёнаи нишасти ҳафтагии ҳукумати худ, ҷаласаро тарк кунад, то бо Владимир Путин телефонӣ сӯҳбат намояд. Дафтари матбуоти нахуствазири Исроил гуфтааст, ки ин гуфтугӯи телефонӣ 50 дақиқа давом кардааст. Ин дувумин гуфтугӯи телефонии раҳбарони Русия ва Исроил аз замони оғози ҷанг дар Ғазза аст.

Гуфтугӯи пешини Путин-Нетаняҳу 10 рӯз пас аз эълони ҷанги Исроил алайҳи "Ҳамос" анҷом шуд. Дар он муколама оқои Нетаняҳу ба Владимир Путин гуфта буд, "то нобудии тавоноиҳои низомӣ ва зербиноии ҳукумати Ҳамос, ҷанг дар Ғаззаро қатъ нахоҳад кард".

Дафтари нахуствазири Исроил эълон кард, ки дар гуфтугӯи рӯзи якшанбе, Нетаняҳу аз густариши робитаҳои Маскав ва Теҳрон интиқод кард ва онро "хатарнок" донист.

Нетаняҳу дар ин гуфтугӯи телефонӣ ҳамчунин нохурсандии худро аз мавзеи "зиддиисроилӣ"-и Русия дар нишасти Шӯрои амният ва тарафдории Маскав аз қатъномаи пешниҳодӣ барои оташбас дар ҷанги Исроил бо гурӯҳи "Ҳамос" иброз кард. Ин қатънома рӯзи ҷумъа ба овоз монда шуд ва Амрико онро вето кард.

Нетаняҳу айни замон аз талошҳои Маскав барои озодии як шаҳрванди русӣ-исроилӣ сипосгузорӣ кард ва гуфтааст, ки кишвараш аз ҳама абзорҳои сиёсӣ ва низомӣ барои озодии ҳама гаравгонҳо истифода хоҳад кард.

Нухуствазири Исроил ҳамчунин аз Русия хост ба Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ фишор биоварад, то имкони мулоқот бо гаравгонҳои дар банди "Ҳамос" ва расонидани дору ба онҳо фароҳам шавад.

Аз сӯи дигар, Кремл дар баёнияе эълон кард, ки президент Путин дар ин гуфтугӯ омодагии Русияро барои коҳиши осеби ғайринизомиён ва коҳиши таниш дар Ғазза эълон кард.

Дар ин баёния омадааст, ки Путин усулан бо "терроризм" мухолиф аст ва онро маҳкум мекунад, аммо айни замон ба нахуствазири Исроил гуфтааст, ки иқдом алайҳи "терроризм" набояд "паёмадҳои ҳалокатовар" барои ғайринизомиёни муқими Ғазза дошта бошад.

Исроил, ки аз оғози ҷанги Русия алайҳи Украина бинобар манофеи худ дар пайванд бо Сурия ва нуфузу тавони низомии Русия дар Сурия, робита бо Маскавро ҳифз карда, аз пешниҳоди кӯмак ба Украина худдорӣ карда буд, дар ду моҳи гузашта аз нақше, ки Кремл дар муносибат бо "Ҳамос" ифо кардааст, нохушнуд мебошад.

Русия дар моҳи октябр ҳайате аз раҳбарони "Ҳамос"-ро ба Маскав даъват карда буд. Бархе аз мақомоти пешини исроилӣ ва таҳлилгарони ин кишвар дар гуфтугӯ бо расонаҳои Исроил мегӯянд, Владимир Путин акнун ошкоро дар канори Эрон ва "Ҳамос" ва алайҳи Исроил истодааст. Бо ин ҳол, муносибатҳои комили дипломатии Русия ва Исроил ҳифз шудааст.

Ҷанг дар Ғазза рӯзи 7-уми октябр бо ҳамлаи гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" ба Исроил оғоз шуд. Дар ин ҳамла 1200 исроилӣ кушта ва ҳудуди 240 тани дигар гаравгон гирифта шуданд. Дар 66 рӯзи ҷанг шумораи кушташудаҳои ҷониби фаластинӣ аз 18 ҳазор нафар гузашт, ки аксари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Дар ин байн ҷонибҳо ба муддати як ҳафта оташбас эълон карданд ва баъд аз поёни ин муҳлат, даргириҳо дигарбора аз сар гирифта шуд. Талошҳои кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ барои поёни ин ҷанг ҳанӯз бенатиҷа будааст. Исроил мегӯяд, ки то озодии гаравгонҳо ва аз байн бурдани "Ҳамос" ҷангро идома медиҳад. "Ҳамос" ҳам мегӯяд, ки дар баробари ҳамлаҳои Исроил истодагарӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG