Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

334 зиндониро дар Узбекистон афв кардаанд


​​​​​​​Бахшида ба 31-солагии қабули Конститутсияи Узбекистон президенти он кишвар 334 зиндониро афв кардааст.

Аз ин теъдод 34 зиндонӣ комилан аз идомаи адои ҷазои асосӣ озод шудаанд. 249 каси дигар шартан аз идомаи ҷазо озод ва ҷазои 6 тани дигар сабуктар карда шудааст.

Ба илова, муҳлати адои ҷазои 45 каси дигар кам карда шудааст.

Миёни афвшудаҳо 18 шаҳрванди хориҷӣ, 23 зан, 15 марди аз 60-сола боло ва 88 касе ҳаст, ки бо ҷиноятҳои марбут ба созмонҳои мамнуъ зиндонӣ шуда буданд.

Президенти Узбекистон ҳамчунин ба сохторҳои кишвараш дастур додааст, ки барои пайдо кардани шуғл ва мутобиқ шудан ба ҷомеа ба афвшудаҳо кумак расонанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG