Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 март рӯзи интихоботи президентӣ дар Русия таъйин шуд


Владимир Путин
Владимир Путин

Шӯрои федератсияи Русия дар рӯзи панҷшанбе 17-уми марти соли 2024-ро санаи интихоботи президентӣ таъйин кард.

Санаи раъйдиҳиро қонуни федеролӣ таъйин мекунад, вале тасмими сенаторҳо расман маъракаи интихоботро оғоз мебахшад.

“Ибтидо эҳтимол мерафт, ки Шӯрои федеролӣ 13-уми декабрро санаи интихобот эълом кунад,” -- гуфт раиси Ҳизби комунистии Русия Геннадий Зюганов.

Зюганов ҳамзамон эълом кард, ки дар интихобот номзад хоҳад шуд.

Дар баробари вай вакили Думаи давлатии Русия Борис Надежин, Игор Стрелкови зиндонӣ - роҳбари низомии ҷудоихоҳони рӯ ба Русияи Донетски Украина, рӯзноманигор Екатерина Дунтсова низ гуфтаанд, ки номзад хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG