Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиш: Бобоҷон Ғафуров кӣ буд? ВИДЕО


Имсол 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров, муаллифи китоби "Тоҷикон", аст. Ба поси гиромидошти ин донишманд ва шахсияти сиёсӣ рӯзи 6-уми декабр дар "Кохи Ваҳдат" Симпозиуми байуалмилалии илмӣ баргузор гардид.

Бобоҷон Ғафуров 18-уми декабри соли 1908 дар деҳаи Исфисор ба дунё омада, дар зиндагияш беш аз 400 асару мақолаи илмӣ навиштааст, ки аксараш ба таърихи тоҷикон рабт дорад. Ӯ замоне раҳбари Тоҷикистон ва сипас то дами маргаш мудири Пажӯҳишгоҳи шарқшиносии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд. Дар даврони истиқлол, ба Бобоҷон Ғафуров барои хидматҳояш унвони Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи 6-уми декабр дар хиёбонҳои Душанбе аз роҳгузарон пурсиданд, ки "Бобоҷон Ғафуровро мешиносед? Ӯ кӣ буд ва чӣ хидмате барои мардуми тоҷик кардааст?" Посухҳои сокинон гуногун буд:

  • "Бобоҷон Ғафуров намояндаи халқи тоҷик буд. Ҳаракат кард, ки ҷумҳуриямон нағз шавад. Одами хуб буд."
  • "Мешиносем шоирро. Чаро нашиносем? Шеъраш ёдам нест, аммо аксаш дар 3 сомонӣ ҳаст. Китоби "Тоҷикон"-ро ҳамон навиштааст, не?"
  • "Шоир буд, аммо ягон китобашро нахондам."
  • "Бобоҷон Ғафуров олими барҷаста буд. Дар вақташ котиби якуми Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон буд. Муаллифи китоби "Тоҷикон". "Таърихи тоҷикон" боз як китоб дорад. Инҳоро ман хондам. Ҳамчун олим дар дунё тоҷиконро шинохта кард."
  • "Бобоҷон Ғафуров академик набуд?"
  • "Бобоҷон Ғафуров шоир буд. Китобҳояш ҳаст. "Тоҷикон", масалан. Барои Тоҷикистони Шӯравӣ бисёр хидматҳо кардааст."
  • "Шоир буд. Китобоҳояшро хондам, вале ёдам нест".
  • "Бобоҷон Ғафуров шоир буд".

Наворро дар инҷо бинед:

Бобоҷон Ғафуровро мешиносед?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:02 0:00

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG