Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гутерреш моддаи 99-и маншури СММ-ро фаъол кард. Исроил истеъфои ӯро хост


Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ
Антонио Гуттереш, дабири кулли СММ

Антонио Гутерреш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як иқдоми бесобиқа ва барои зери фишор гузоштани Шӯрои Амният барои барқарории оташбаси фаврӣ дар Ғазза, моддаи 99-и фармон ё маншури ҷаҳонии СММ-ро фаъол кард. Ин амалкарди ӯ хашми Исроилро барангехт.

Гутерреш дар саҳифааш дар шабакаи Х (Твиттери пешин) навишт, аз замони ба фаъолият оғоз кардан ба унвони дабири кулли Созмони Милал, бори аввал аст, ки аз моддаи 99 истифода кардааст.

Моддаи 99-и маншури ҷаҳонии СММ ба дабири кулли ин созмон иҷоза медиҳад, ки дар ҳолати ба хатар рӯбарӯ будани "амният ва сулҳи ҷаҳонӣ" аъзои Шӯрои Амниятро ба ҷаласаи фаврӣ даъват кунад.

Дабири кулли СММ навишт, "бо таваҷҷуҳ ба хатари аз кор афтодани системаҳои ёрирасонии инсондӯстона дар Ғазза, аз Шӯрои Амният мехоҳам як оташбаси башардӯстонаро фавран эълон кунад".

Гилад Эрдан, сафири Исроил дар СММ, дар вокуниш ба ин иқдоми Антонио Гутерриш, хоҳони истеъфои ӯ шуд. Вай дар шабакаи Х ин иқдоми дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро маҳкум кард ва навишт, "имрӯз дабири кулли СММ ба сатҳи поинтарини ахлоқии наве расидааст".

Вай афзуд, "дабири кулли СММ тасмим гирифт ин моддаро, ки бисёр кам аз он истифода мешавад, танҳо замоне фаъол кунад, ки битавонад бар Исроил, ки бо террористҳои "Ҳамос" мубориза мекунад, фишор биёварад".

Оқои Эрдан ҳамчунин навишт, "дархости дабири кулли СММ барои оташбас дақиқан ба маънои идомаи ҳукумати "Ҳамос" дар Ғазза аст. Ӯ ба ҷойи инки ошкоро ба масъулияти "Ҳамос" дар баробари ин вазъият ишора кунад ва аз раҳбарони ин террористҳо бихоҳад, ки худро таслим кунанд ва гаравгонҳоро баргардонанд то ҷанг хотима ёбад, тасмим гирифтааст, ҳамчунон бозичаи дасти "Ҳамос" бошад".

Танишҳои лафзии мақомоти исроилӣ бо дабири кулли СММ дар ҳолест, ки Имороти Муттаҳидаи Арабӣ пешнависи қатъномаро, ки дархости оташбаси инсондӯстона дар Ғазза мекунад, ба Шӯрои Амнияти СММ пешниҳод кард. Намояндагии Имороти Муттаҳидаи Арабӣ дар СММ дар баёнияе гуфт, "шароити фоҷеабор аст ва тақрибан ба нуқтаи ғайри қобили бозгашт расидааст".

Ин баёния меафзояд, "мо наметавонем сабр кунем. Шӯрои Амният бояд қотеъона вориди амал шавад ва хостори оташбаси инсондӯстона бишавад".

Имороти Муттаҳидаи Арабӣ мегӯяд, ки ин пешнависи қатънома мавриди ҳимояти кишварҳои арабӣ ва Созмони ҳамкориҳои исломӣ аст, ки панҷоҳу ҳафт кишвар узви он ҳастанд.

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи 7-уми октябр ба Исроил ҳамла карда, 1200 нафарро кушт ва беш аз 240 тани дигарро бо худ ба Ғазза бурд. Дар ҳамлаҳои Исроил ба Ғазза дар ду моҳи гузашта беш аз 16 ҳазор фаластинӣ кушта шуданд, ки бештари онҳо занон ва кӯдакон мебошанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG