Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди се тоҷик дар Хабаровск парванда кушодаанд


Хабаровск
Хабаровск

Ба зидди се донишҷӯйи тоҷик дар вилояти Хабаровски Русия парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Раёсати тафтишотии вилоят зодагони Тоҷикистонро ба латукӯби ду донишҷӯйи рус дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Уқёнуси Ором муттаҳам кард.

Ҳодиса 28-уми ноябр рух додааст. Назари донишҷӯёни тоҷик дастрас нест.

Ба иттилои расмӣ, маъмурони амниятӣ аз хобгоҳ 27 нафарро бурда, аз байни онҳо се донишҷӯйи тоҷикро нигоҳ доштаанд.

Ҳоло масъалаи ба ҳабс гирифтан ва қонунӣ будани ҳузури онҳо дар Русия баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG