Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амиршо Миралиев, узви пешини калидии ҳукумат даргузашт


Амиршо Миралиев
Амиршо Миралиев

Раиси собиқи дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон ва раиси пешини вилояти Хатлон даргузашт. Амиршо Миралиев 77 сол дошт.

Шахсони наздик ба ӯ рӯзи 6-уми декабр дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки Миралиев бемор буд ва чанд рӯзи охир барои муолиҷа дар Туркия қарор дошт.

Интизор меравад, маросими видоъ ва дафни ӯ рӯзи 7-уми декабр дар зодгоҳаш, ноҳияи Данғара, баргузор шавад.

Амиршо Миралиев соли 1946 ба дунё омада, соли 1970 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном ва соли 1988 Мактаби олии ҳизби коммунистро дар шаҳри Санкт-Петербург хатм кардааст.

Дар давраи Шӯравӣ то ба мақоми котиби аввали ноҳияи Москва (Ҳамадонӣ) расида буд.

Дар интихоботҳои солҳои 1990, 1995 ва 2010 вакили Маҷлиси Намояндагон интихоб шудааст. Ду дафъа узви Маҷлиси Миллӣ ҳам буд.

Дар соли 2001 раиси ҳукумати вилояти Хатлон таъйин шуд ва панҷ сол ин вилояти пураҳолитарини Тоҷикистонро роҳбарӣ кард.

Амиршо Миралиев дар айёми бознишастагӣ узви Шӯрои мудирони “Соҳибкорбонк” буд ва соли 2016 раёсати Анҷумани бонкҳои Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

XS
SM
MD
LG