Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии парвандаи алайҳи вакилро аз сар гирифтаанд


Эмил Жамгирчиев
Эмил Жамгирчиев

Баррасии парвандаи ҷиноӣ алайҳи вакили порлумони Қирғизистон Эмил Жамгирчиев, ки қатъ гашта буд, аз сар гирифта шудааст.

Дар хадамоти матбуотии Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, мурофиаи нахустин рӯзи 7-уми декабр баргузор мешавад.

Парванда алайҳи Эмил Жамгирчиевро Додгоҳи Якуми май 26-уми июли имсол бо дархости вакили дифои гумонбар дар асоси қонун "Дар бораи мақоми вакилии порлумони Қирғизистон" қатъ карда буд. Ин қонун барои ба ҷавобгарӣ кашидани вакил иҷозати порлумонро талаб мекунад.

Вакили мудофеи Эмил Жамгирчиев аз додгоҳ талаб карда буд, ки то дарёфти ин иҷозат парванда қатъ карда шавад.

Муовини раиси дастгоҳи ҳукумати Қирғизистон Бактибек Калмуратову собиқ муовини раиси Хадамоти давлатии мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ ва вакили кунунии порлумони он кишвар Эмил Жамгирчиев моҳи октябри соли 2020 дар доираи парвандаи марбут ба қочоқи гӯшт аз Чин боздошт шуда буданд.

Ду мансабдор ба гирифтани ришва дар ҳаҷми калон аз як соҳибкор барои қатъи парвандаи ҷиноии марбут ба қочоқ гумонбар дониста мешуданд.

XS
SM
MD
LG