Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳадафи Путин аз сафар ба Ховари Миёна чист?


Бо вуҷуди онки Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноӣ дастури боздошти Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро баровардааст, аммо ӯ имрӯз, 6-уми декабр ба Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб сафар мекунад.

Додгоҳи Байнулмилалӣ Путин ва Омбудсмени ҳуқуқи кӯдаки Русия Мария Лвова-Беловаро ба маҷбурӣ ба Русия бурдани кӯдакони украинӣ муттаҳам мекунад.

Ба гузориши хабаргузории "Франс-пресс", аммо Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Арабистони Саудӣ шартномаи Додгоҳи Байнулмилалии Ҷиноиро имзо накардаанд ва ин ба он маъно аст, ки ин кишварҳо Владимир Путинро боздошт нахоҳанд кард.

Дмитрий Песков, сухангӯи раёсати ҷумҳури Русия рӯзи сешанбеи 5-уми декабр гуфт, ки дар ҷараёни ин сафар президент Путин дар мавриди масоили дуҷониба ва масъалаҳои вобаста ба нафт гуфтугӯ хоҳад кард кард.

Баррасии вазъ дар Ғазза низ аз ҷумлаи барномаҳои гуфтугӯи Путин бо мақомоти Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб мебошад.

Аз оғози соли 2022 ки Русия ба Украина ҳамла кард, ин кишвар аз сӯи Ғарб дар интизо қарор гирифт, вале Маскав талошҳое барои таъмини муносибат бо кишварҳои дур ва наздик дар минтақа ва ҷаҳон анҷом додааст. Ӯ тобистони соли 2022 ба Тоҷикистон омад. Моҳи октябри имсол дар Қирғизистон буд

Ба иттилои дафтари раёсати ҷумҳури Русия, Владимир Путин дар ин сафар бо Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ дар мавриди масоили сиёсӣ ва байналмилалӣ гуфтугӯ хоҳад кард.

Путин ҳамчунин дар мавриди тиҷорат, энержӣ, гардишгарӣ ва омӯзиш бо Муҳаммад бин Зоид Оли Наҳён, раҳбари Имороти Муттаҳидаи Арабӣ сӯҳбат мекунад.

Ба гуфтаи сухангӯи Кремл, интизор меравад, ки даргирӣ байни Исроил ва "Ҳамос" дар Ғазза бахше аз барномаи гуфтугӯҳои Владимир Путин бо раҳбарони ин кишварҳои арабӣ бошад. Маскав бо мизбонии як ҳайат аз гурӯҳи "Ҳамос" хашми Исроилро барангехтааст.

Пас аз ин сафари кутоҳ ба Ховари Миёна, Владимир Путин рӯзи панҷшанбе барои мизбонӣ аз Иброҳим Раисӣ, раиси ҷумҳури Эрон ба Маскав хоҳад баргашт.

Путин ва Раисӣ ба иловаи масоили дуҷониба ва робитаҳои иқтисодӣ, дар бораи масоили минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, аз ҷумла вазъият дар Ғазза гуфтугӯ хоҳанд кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG