Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ҷазоро барои ифшои маълумоти шахсӣ сахттар мекунад


Бастаи қонунҳое ба Думаи давлатии Русия пешниҳод шуда, ки барои истифодаи пойгоҳи маълумоти шахсии рахнашуда ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ карда, ҷазоро барои худи рахнакунӣ сангинтар менамоянд.

Лоиҳаи қонунҳоро сенаторҳо аз Ҳизби ҳокими "Русияи воҳид" Андрей Турчак, Андрей Клишас, Ирина Рукавишникова, Константин Долгову Артем Шейкин, вакилони Думаи давлатӣ Александр Хинштейн, Ирина Панкина, Дмитрий Вяткин ва Антон Немкин пешниҳод кардаанд.

Муаллифон хостаанд, барои истифода, пешниҳод ва ҷамъоварии маълумоти шахсӣ, ки тариқи роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, то чор соли зиндон таъйин карда шавад. Дар сурати шомил будани иттилоъ ба "гуруҳи маълумоти махсус" ё маълумоти шахсии биометрӣ, муҳлати ҷазо то 5 сол боло бурда шавад.

Ҳамчунин дар лоиҳаҳои қонунҳои пешниҳодӣ сохтани манбаъ ё барномаҳое, ки барои нигоҳдорӣ ва интиқоли ғайриқонунии маълумоти шахсӣ пешбинӣ шудаанд, ҷиноят дониста шуда, то панҷ соли зиндон бо ҷарима ба андозаи то 700 ҳазор рубл пешбинӣ гаштааст.

Сенаторҳо хостаанд, ки мансабдорон барои рахна ё ифшои маълумоти шахсӣ аз 800 ҳазор то ду миллион рубл ва шахси ҳуқуқӣ аз 3 то 15 миллион рубл ҷарима карда шаванд.

XS
SM
MD
LG