Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

17 дарсади аҳолии Тоҷикистон фарбеҳ будаанд


Пештар фарбеҳ шудани сокинони Тоҷикистонро ба маҳсулоти хамирӣ ва ширинӣ пайванд дода буданд
Пештар фарбеҳ шудани сокинони Тоҷикистонро ба маҳсулоти хамирӣ ва ширинӣ пайванд дода буданд

Муовини аввали вазири тандурустии Тоҷикистон гуфтааст, ки 17 дарсади аҳолии ҷумҳурӣ (тақрибан ду миллион кас) вазни зиёд дошта, беш аз 13 дарсад аз дарди фарбеҳӣ ранҷ мекашанд. Ин рақам дар соли 2019 ба 11,3 дарсад баробар буд.

Ғаффор Муҳсинзода дар ин бора охири моҳи ноябри имсол дар муҳокимаи порлумонӣ дар Маҷлиси Намояндагон гап задааст.

Мухтасари суҳбатҳои ӯро "Садои мардум", нашрияи расмии порлумон, чоп кард.

"Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бемории фарбеҳӣ мавҷуд буда, вақтҳои охир зиёд шудани он Ҳукумати кишварро нигарон кардааст," – навишт манбаъ.

Файзалӣ Аҳмадзода, муовини раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон, дар ҳамин муҳокимаи порлумонӣ гуфтааст, ки фарбеҳӣ бештар дар байни занҳо паҳн шудааст, вале сабабҳои онро зикр накарда.

Қаблан Вазорати тандурустии Тоҷикистон пурхӯрӣ, камҳаракатӣ, тағйироти мубодилаи моддаҳо ва асабониятро аз омилҳои фарбеҳии мардум номбар карда буд.

Тоҷикистон аз то соли 2024 “Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим"-ро қабул карда, барои татбиқи он қариб 8 миллион сомонӣ пешбинӣ кардааст. Аҳмадзода мегӯяд, “татбиқи барнома дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.”

XS
SM
MD
LG