Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ду узви Сипоҳи посдорони Эрон дар Сурия


Эрон дар бораи марги ду узви Сипоҳи посдорони иниқлоби исломӣ дар Сурия хабар дод
Эрон дар бораи марги ду узви Сипоҳи посдорони иниқлоби исломӣ дар Сурия хабар дод

Бар асари ҳамлаҳои Исроил ба Сурия ду узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон кушта шудаанд.

Дар ин бора рӯзи 2-юми декабр расонаҳои давлатии Ҷумҳурии Исломӣ гузориш доданд.

Ба навиштаи онҳо, ду узви Сипоҳи посдорон дар Сурия ба ҳайси мушовирони ҳарбӣ кор мекарданд.

Ин гузориши нахустин дар бораи ҳалокати низомиёни Эрон аз оғози ҷанги Исроил ва гурӯҳи тундрави “Ҳамос” дар Навори Ғазза аст. Ин ҷанг рӯзи 7-уми октябри имсол шуруъ шуда, баъд аз як танаффуси кӯтоҳ идома дорад.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар бораи ҳалокати ду узваш ҷузъиёт надодааст.

Сурия рӯзи 2-юми декабр гуфт, ки нерӯҳои ҳавоияш мушакҳои Исроилро, ки атрофи Димишқро нишон гирифта буданд, аз байн бурд.

XS
SM
MD
LG