Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Швейтсария миллиардҳо доллари русҳоро “бастааст”


Швейтсария тақрибан 7,7 миллиард франки швейтсарӣ, баробар ба 8,81 миллиард доллари шаҳрвандони Русияро “баст”.

Тасмим дар ин бора рӯзи 1-уми декабр эълон шуд.

Швестария гуфт, ин чора дар чорчӯби таҳримҳое амалӣ гардид, ки зидди таҷовузи Русия ба хоки Украина пешбинӣ шуда буд.

Русия моҳи феврали соли 2022 бе сабаб ба Украина ҳамла кард ва аз он замон то ҳоло ҷанги байни ду ҳамсоя идома дорад.

Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон Русияро барои рафтораш сарзаниш карда, ба зидди он таҳримҳои сахт ҷорӣ намудаанд.

XS
SM
MD
LG