Чунонки сомонаи расмии Федератсияи байнулмилалии ҷудо (IJF) хабар додааст, Tokyo Grand Slam 2023 бо ширкати 506 варзишгар (298 мард ва 208 зан) аз 84 кишвари панҷ қитъаи олам тӯли ду рӯз идома кард. Рақобатҳо дар 14 вазн (7 вазн миёни занон ва 7 вазн байни мардон) сурат гирифт.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон даҳ варзишгар шомил буд: Меҳрзод Сӯфиев (-60 кг), Муҳаммадсолеҳ Қувватов (-60 кг), Эмомали Нуралӣ (-66 кг), Обид Ҷебов(-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Беҳрӯзи Хоҷазода, (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-81 кг), Комроншоҳи Устопириён (-90 кг) ва Эмомризо Анварзода (-100 кг).
Аз байни онҳо танҳо Сомон Маҳмадбеков натиҷаи хубтар нишон дод. Ин паҳлавони 24-солаи тоҷик, ки дар даври аввал озод буд, дар даври дуюм Каито Аманои ҷопониро шикаст дод.
Дар даври сеюм рақиби Сомон паҳлавони номдори австриягӣ Вачид Борчашвили буд. Тақдири рақобатро дар замони тиллоӣ як имтиёзи вазарӣ ба суди паҳлавони тоҷик ҳал намуд.
Сомон дар даври чорякниҳоӣ дар як рақобати сахт дар замони изофа муқобили Давид Карапетян аз дастаи бетараф (AIN) дастболо шуда, ба нимфинал баромад.
Маҳмадбеков дар даври ниманиҳоӣ бо се огоҳӣ аз Маттиас Кассеи белгиягӣ ноком шуд ва сипас дар рақобат барои медали биринҷӣ аз Зелим Тскаеи озарбойҷонӣ ҳам бо се огоҳӣ мағлуб шуда, мақоми панҷумро касб кард.
Дар вазни то 81 кило Ҷонван Лии аз Кореяи Ҷанубӣ, ки дар финал Маттиас Кассеро аз Белгия шикаст дод, бо медали тилло сарфароз гашт. Давид Карапетян ва Зелим Тскаев бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.
Дар Tokyo Grand Slam 2023 бархе аз паҳлавонони тоҷик дар даври муқаддамотӣ шикаст хӯрданд, чанд нафари дигар то ба даври ҳаштякниҳоӣ роҳ ёфта, баъдан аз ҳаққи идомаи мубориза маҳрум шуданд.
Ғолибону ҷоизадорони Tokyo Grand Slam 2023:
Мардон
-60 кг
1. Рюҷу НАГАЯМА (Ҷопон)
2. Наониса ТАКАТО (Ҷопон)
3. Аюб БЛИЕВ (INA)
3. Таики НАКАМУРА (Ҷопон)
-66 кг
1. Нифуми АБЕ (Ҷопон)
2. Басхуу ЁНДОНПЕРЕНЛЕЙ (Муғулистон)
3. Денис ВЙЕРУ (Молдова)
3. Неким ОҒОМАМЕДОВ (Туркманистон)
-73 кг
1. Ҳидоят ҲАЙДАРОВ (Озарбойҷон)
2. Соичи ҲАШИМОТО (Ҷопон)
3. Георги ТЕРАШВИЛИ (Гурҷистон)
3. Мануэл ЛОМБАРДО (Италия)
-81 кг
1. Ҷонван ЛИИ (Кореяи Ҷанубӣ)
2. Маттиас КАССЕ (Белгия)
3. Давид КАРАПЕТЯН (INA)
3. Зелим ТСКАЕВ (Озарбойҷон)
-90 кг
1. Санширо МУРАО (Ҷопон)
2. Лука МАЙСНРАНЕ (Гурҷистон)
3. Кристиан ПАРЛАТИ (Италия)
3. Михаил ИГОЛНИКОВ (INA)
-100 кг
1. Матвей КАНИКОВСКИЙ (INA)
2. Дота АРАИ (Ҷопон)
3. Зелим КОТСОЕВ (Озарбойҷон)
3. Микаэл КОРРЕЛ (Нидерланд)
+100 кг
1. Тамерлан БАШАЕВ (INA)
2. Минҷонг КИМ (Кореяи Ҷанубӣ)
3. Инал ТАСОЕВ (INA)
3. Лукаш КРПАЛЕК (Ҷумҳурии Чех)
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқа миёни мардону занон дар ҳисоби медалҳо бо дарназардошти сифати онҳо мунтахаби Ҷопон бо касби 16 медал (7 тилло, 5 нуқра ва 4 биринҷӣ) мақоми аввалро соҳиб шуд.
Дастаи мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ бо касби 4 медал (1 тилло, 1 нуқра ва 2 биринҷӣ) дар зинаи дуюм ва мунтахаби Бразилия бо касби 2 медал (1 тилло ва 1 нуқра) дар ҷойгоҳи сеюм қарор гирифтанд.
Тоҷикистон бо як мақоми панҷум дар байни 84 даста дар зинаи 21-ум ҷойгир шуд.
Аз байни кишварҳои Осиёи Марказӣ танҳо Туркманистон медал гирифт, ки он нишони биринҷист ва ба Неким Оғомамедов дар вазни то 66 кило марбут аст.
Маблағи умумии ҷоизаҳои молии мусобиқот 154 ҳазор евро муқаррар шуда буд. Ба ғолибону ҷоизадорони рақобатҳои инфиродӣ ба ҷуз аз медал тӯҳфаҳои молӣ супурда шуд.
- барои ҷойи 1-ум: 5000 евро (варзишгар: 4000 евро, мураббӣ - 1000 евро)
- барои ҷойи 2-юм: 3000 евро (варзишгар: 2400 евро, мураббӣ - 600 евро)
- барои ҷойҳои 3-юм 1500-евроӣ (варзишгар: 1200 евро, мураббӣ – 300 евро).
Ҳамчунин, варзишгароне, ки дар мусобиқаи мазкур зинаҳои фахриро касб карданд, соҳиби имтиёзҳои олимпӣ шуданд.
Гуштигироне, ки медали тилло ба даст оварданд 1000 имтиёз, медали нуқра - 700 имтиёз ва медали биринҷӣ 500 имтиёз гирифтанд.
Онҳое, ки ҷойҳои 5-ум ва 7-умро касб карданд, мутаносибан соҳиби 360 ва 260 имтиёз шуданд.
Ёдовар мешавем, дар мусобиқаи соли гузашгта (Tokyo Grand Slam 2022) ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Муҳаммадраҳим Сарахонов (-73 кг) ва Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дохил буданд, ки ҳарсе бе медал монданд.
Бояд гуфт, ки Tokyo Grand Slam 2023 охирин мусобиқаи имсолаи байналмилалӣ барои паҳлавонони тоҷик буд.
Варзишгарони тоҷик дар риштаи ҷудо соли равон ба як қатор дастовардҳо мушарраф шуданд, вале дар муддати 15-16 соли охир ягон нафари онҳо ба пояи Расул Боқиев нарасидааст.
Ин паҳлавони машҳури тоҷик соли 2007 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ва соли 2008 дар Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекини Чин дар риштаи ҷудо дар вазни то 73 кило медалҳои биринҷӣ ба даст оварда буд.
Дар ҳамин ҳол Расул Боқиеви 41-сола дар шаҳри Маскави Русия ба сар мебарад ва мактаби ҷудои худро дорад, ки ба шогирдонаш усулҳои ин риштаи маъмули олимпиро меомӯзонад.