Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раиси КДАМ Қирғизистон гуфт, ҳамаи фоҳишахонаҳоро мебанданд


Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 30 ноябр гуфт, тасмим дорад то рӯзи 1 декабр ҳамаи фоҳишахонаҳоро ошкор ва бандад.

Ин масъулиятро вай бар дӯши ҳукуматҳои маҳаллӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон гузошт. Тошиев гуфт, дар сурати иҷро накардани ин супориш мансабдорон сабукдӯш хоҳанд шуд.

Тошиев ҳамчунин афзуд, ҳамаи маълумоти хусусии духтароне оммавӣ гардонида мешавад, ки хадамоти шаҳвонӣ мерасонанд. Аз ҷумла чеҳра ва маълумоти шиносномавии онҳо.

Дар Қирғизистон дар гузашта низ талош доштанд, ки фоҳишахонаҳоро банданд. Аммо ин бовар ҳам ҷо дорад, ки чунин маконҳоро дар бештари вақт худи намояндагони мақомоти қудратӣ "саробонӣ" мекунанд. Қонунгузории Қирғизистон фоҳишагариро манъ накардааст.

XS
SM
MD
LG