Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифи қазоқ Марат Жиланбоев 7 сол зиндонӣ шуд


Марат Жиланбоев.
Марат Жиланбоев.

Додгоҳи шаҳри Алмато 29-уми ноябр раҳбари ҳизби сабтношудаи "Алға, Қазоқистон!" ва сиёсатмадори мухолиф Марат Жиланбоевро 7 сол зиндонӣ кард.

Ба мурофиае, ки дар он ҳукм эълом шуд, наздикон ва ҷонибдорони сиёсатмадорро роҳ надоданд. Ҳатто онҳоро ба мурофиа даъват накардаанд.

Духтари сиёсатмадор ба бахши қазоқии Радиои Озодӣ гуфт, вақте барои мулоқот бо падараш ба боздоштгоҳ рафт, муҳофизон гуфтанд, ки ӯро ба додгоҳ бурдаанд.

Меиржан Доскараев, вакили дифои Марат Жиланбоев баъд аз эъломи ҳукм гуфт, аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ба зинаи болоӣ шикоят мебаранд.

Жиланбоеви 60-сола, ки аз амалҳои мақомот танқид ва дар гирдиҳамоиҳо иштирок мекард, моҳи майи соли ҷорӣ ба ҳабси маъмурӣ гирифта шуд, дертар бо айби "иштирок дар созмони фаъолияташ мамнуъ" ва "сармоягузории созмони тундгаро" нисбаташ парвандаи ҷноӣ боз шуд. Жиланбоев ва ҷонибдоронаш гуфтанд, ин айбҳо ангезаи сиёсӣ доранд.

Дар маводи парванда омадааст, ки Жиланбоев гӯё бо Мухтор Аблязов, роҳбари ҳаракати дар Қазоқистон мамнуи "Интихоби демократӣ" тамос дорад. Худи Жиланбоев ин иттиҳомро қотеъона рад кардааст.

XS
SM
MD
LG