Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳенри Киссинҷер, собиқ вазири корҳои хориҷии ИМА дар 100-солагӣ даргузашт


Ҳенри Киссинҷер, собиқ вазири корҳои хориҷии Амрико, мушовири пешини амнияти миллии Кохи Сафед ва яке аз дипломатҳои машҳуртарин дар таърихи ИМА, рӯзи чаҳоршанбе дар 100-солагӣ даргузашт.

Ширкати мушовараи Киссинҷер хабари даргузашти ин дипломати амрикоиро, ки нақши муҳиме дар таҳаввулоти таърихӣ дар даврони Ҷанги сард дошт, эълон кард. Дар эъломияи ин ниҳод сабаби марги Киссинҷер гуфта нашудааст.

Ҳенри Киссинҷер дар даврони кори худ дар рухдодҳои бузурги ҷаҳонӣ, аз ҷумла хуруҷи Амрико аз ҷанги Вйетнам, барқарории робитаҳои дипломатӣ бо Чин ва коҳиши таниш бо Иттиҳоди Шӯравии собиқ, нақши муҳиме дошт.

Оқои Киссинҷер дар соли 1973 бинобар тавофуқ барои поён додан ба ҷанг дар Вйетнам барандаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел шуд. Аммо бо вуҷуди имзои созиш, ҷанг ду соли дигар идома ёфт.

Дар ҳукумати Ричард Никсон, Ҳенри Киссенҷер вазири корҳои хориҷӣ буд ва нигоҳи ҳардуи онҳо ба ҳодисаҳои ҷаҳонӣ дар чаҳорчӯби Ҷанги сард буд. Амрико ба унвони яке аз ду қутби аслӣ дар он даврон дар баробари Иттиҳоди Шӯравӣ қарор дошт.

Ҳенри Киссинҷер дар ин даврон дар таҳаввулоти дигаре ҳамчун ҷанги 1973 байни Миср ва Исроил, ҳамчунин ҷанг байни Ҳинд ва Покистон дар соли 1971, нақш ифо кард.

Оқои Киссинҷер ҳамчунин дар авҷи Ҷанги сард тарроҳи аслии барқарории робитаи Амрико ва Чин буд. Ӯ ҳатто пас аз канорагирӣ аз ҳукумат, нақши сиёсатмадори баландпояи Ҳизби ҷумҳурихоҳро дар арсаи сиёсати хориҷӣ ба уҳда дошт.

Киссинҷер сад сол пеш дар хонаводаи яҳудӣ дар Олмон ба дунё омад ва пеш аз оғози Ҷанги ҷаҳонии дувум ба ҳамроҳии хонаводааш ба Амрико гурехт. Ӯ таҳсилкардаи бахши робитаҳои байнулмилалӣ дар Донишгоҳи Ҳарвард буд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG