Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Эрон як навраси 17-сола эъдом шудааст


Ҳамидризо Озарӣ.
Ҳамидризо Озарӣ.

Навраси 17-сола Ҳамидризо Озариро, ки ба куштор муттаҳам мешуд, дар Эрон эъдом карданд.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи "Iran Human Rights" (IHR) ва "Hengaw" иттилоъ доданд, ки ҳукми эъдоми наврас 24 ноябр дар маҳбаси Сабзавари Эрон иҷро шудааст.

Озарӣ замони куштор, 28 апрели имсол 16 сол дошт. Ба иттилои IHR, дар расонаҳои маҳаллӣ гуфта шудааст, ки ӯ 18 сол дошт. Коршиносон мегӯянд, ин амали мақомоти Эрон нақзи огоҳонаи уҳдадориҳои байналмилалӣ аст.

Тибқи Конвенсияи ҳуқуқи кудаки СММ, ки Теҳрон низ онро имзо кардааст, шахсони аз 18-сола поин эъдом намешаванд.

Ба ҳисоби СММ, мақомоти Эрон дар соли 2022 дасти кам 582 ва дар 7 моҳи аввали имсол 419 нафарро эъдом кардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 30 дарсад бештар аст.

XS
SM
MD
LG