Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Ишқобод 4 медал гирифтанд


Маросими ифтитоҳи мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон дар Ишқобод.
Маросими ифтитоҳи мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон дар Ишқобод.

Дар мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон, ки аз 23-юм то 28-уми ноябр дар пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод – баргузор шуд, варзишгарони тоҷик чаҳор медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Чаҳордаҳумин давраи мусобиқоти қаҳрамонии кураши ҷаҳон бо иштироки беш аз 240 варзишгари 50 кишвар дар маҷмааи варзишии ҳунарҳои размии Ишқобод доир гардид.

Рақобатҳо дар ҳафт вазн байни мардон ва дар ҳашт вазн миёни занон сурат гирифт.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳафт варзишгар дохил буд, ки дар рақобатҳо миёни мардон ҳунарнамоӣ карданд:: Муслимбек Каримов (-60 кг), Хайрандеш Муродзода (-66 кг), Наврӯзи Каримзод (-73 кг), Мирзоҷамил Рамазонов (-81 кг), Ҳақназар Назаров (-90 кг), Фирдавс Насимов (-100 кг) ва Хуршед Маҷидов (+100 кг).

Аз байни онҳо чаҳор нафар – Муслимбек Каримов, Хайрандеш Муродзода, Фирдавс Насимов ва Хуршед Маҷидов – барои ҷойҳои сеюм бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ бо дарназардошти сифати медалҳо мунтахаби Узбекистон бо касби 9 медал (7 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ) ҷойгоҳи аввалро азони худ кард.

Паҳлавонони Туркманистон бо касби 15 медал (5 тилло, 6 нуқра ва 4 биринҷӣ) соҳиби мақоми дуюм шуданд, аммо мизбонон аз рӯи теъдоди умумии медалҳо ҷойгоҳи аввалро гирифтанд.

Мунтахаби Қазоқистон бо касби 6 медал (1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ) зинаи сеюмро ишғол кард.

Мунтахаби Тоҷикистон бо касби чаҳор медали биринҷӣ дар ҷойгоҳи ҳаштум қарор гирифт.

Кураш гуштии камарбандии суннатии мардуми туркзабон аст, ки дар Осиёи Марказӣ пайдо шудааст.

Ин ҳунари муҳорибавӣ таърихи тӯлонӣ дорад, ки онро ба яке аз маъмултарин намудҳои варзиш дар минтақа табдил додааст.

Солҳои охир ин намуди варзиш дар бисёр кишварҳои ҷаҳон рушд мекунад ва дар ҳамин ҳол 118 федератсияи миллӣ аз Осиё, Африқо, Аврупо, Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ, инчунин Уқёнус ба узвияти Ассотсиатсияи байналмилалии кураш пазируфта шудаанд.

Кураш дар Тоҷикистон низ маъмул аст. Варзишгарони тоҷик дар ин ришта дар қаҳрамонии ҷаҳон панҷ нишони тилло ба даст оварда, ҳамчунин даҳ нафари дигар ҷоизадор гаштаанд.

XS
SM
MD
LG