Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истисмори шаҳвонии духтари 17-сола дар Узбекистон


Як зан дар ноҳияи Шаҳрисабзи вилояти Қашқадарёи Узбекистон бо гумони истисмори шаҳвонии духтари 17-сола боздошт шудааст.

Хадамоти матбуотии Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Узбекистон иттилоъ дода, ки сокини 17-солаи ноҳияи Китоб аз моҳи майи имсол то 15 ноябри соли 2023 дар хонаи гумонбар дар Шаҳрисабз мавриди истисмори шаҳвонӣ қарор гирифтааст.

Духтар гуфтааст, давоми 7 моҳ ӯро бо таҳдиду фишор маҷбур карданд, ки бо мардон ҳамхобагӣ кунад.

Додситонии кулли Узбекистон бо дархости ваколатдор ҳодисаро таҳқиқ ва гумонбарро дастгир кардааст. Зидди боздоштшуда бо банди "Фурӯши шахси ноболиғ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG