Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия аз ҳамлаи бесарнишинҳо ба Маскав ва шаҳрҳои дигар хабар дод


Мақомоти Русия хабар додаанд, ки Украина бо 20 бесарнишин ба Маскав ва шаҳрҳои дигари ин кишвар ҳамла кардааст. Бино ба иттилои Вазорати дифои Русия, ҳавопаймоҳои бесарнишини Украина дар фазои Тула, Калуга ва Брянску Маскав сарнагун карда шуданд.

Дар маконҳои аҳолинишин хисороти ҷиддӣ ба қайд гирифта нашудааст. Шаҳрдори Маскав, Сергей Собянин гуфтааст, ҳадафи бесарнишинҳо пойтахти кишвар буд. Фурудгоҳҳои Домодедово ва Внуково муваққатан аз фаъолият мондааст.

Ҳамла шаби 25 ба 26-уми ноябр як рӯз баъд аз он рух дод, ки Русия даҳҳо ҳавопаймои бесарнишини худро барои ҳамла ба Киев сафарбар кард.

Украина дар фасли сармо ба афзоиши эҳтимолии ҳамлаҳои Русия ба зербиноҳои энергетикии худ омодагӣ мебинад. Маскав, ки зимистони соли гузашта, иншооти муҳими барқиро дар ин кишвар хароб карда, зиндагии миллионҳо сокини Украинаро дар ҳавои сард сахту сангин карда буд, имкон дорад, ин амалашро такрор намояд.

Сар аз соли гузашта, Украина нерӯҳои ҳифозати ҳавоии худро таҳким бахшида, талош кард, кори зербиноҳои марбут ба энержӣ, аз ҷумла хатҳои интиқоли барқ ва истгоҳҳои барқиро тақвият диҳад.

XS
SM
MD
LG