Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон аз як фоҷеа дар Украина ёд оварданд. ВИДЕО


Дар Тоҷикистон аз як фоҷеа дар Украина ёд оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:18 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Cафирони баъзе аз кишварҳои муқими Тоҷикистон ба ёди қурбониёни “Голодомор” ё қаҳтӣ дар Украина, ки як аср пеш рӯй дода, боис ба марги то даҳ миллион нафар шуд, гирдиҳам омаданд. Маросим рӯзи 25-уми ноябр дар калисои католикии шаҳри Душанбе гузашт.

Валерий Евдокимов, сафири Украина дар Тоҷикистон, дар ин кор масъулони Шӯравии собиқро гунаҳкор кард.

Русия борҳо гуфтааст, ки иддао дар бораи фақат ҳадаф гирифтани мардуми Украина дуруст нест, чун ҳосили кам дар он солҳо сабаби марги мардуми зиёди рус, қазоқ ва миллатҳои дигар низ шуд.

Евдокимов мегӯяд, Украина заминҳои ҳосилхези зиёд ва мардум хӯроки кофӣ доштанд, вале чун аз сохти Шӯравӣ норозӣ буданд, дучори “қаҳтии сунъӣ” шуданд.

"Дар натиҷаи ин қаҳтии сунъӣ бештар аз ҳама кӯдакону ҷавонон ва бузургсолон ҷон бохтанд," – афзуд ӯ.

Сафири Украина ҷанги беасоси Русияро ба зидди Украина дар тақрибан ду соли охир идомаи, ба гуфтааш, “сиёсати сталинӣ” номид.

"Голодомор" ё қаҳтии як аср пеш ҳангоми роҳандозии сохти колхозу совхозҳо дар ҷумҳуриҳои собиқи Шӯравӣ рӯй дод.

Муаррихон мегӯянд, дар Тоҷикистону Қазоқистон ҳам ҳазорҳо нафар ба ҳалокат расиданд. Дар Тоҷикистон ин рӯзро ба ёд намеоранд. Теъдоди ҷонбохтагон низ маълум нест.

XS
SM
MD
LG