Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи дувуми оташбас дар Ғазза. Идомаи раҳоии гаравгонҳо ва зиндониён


25-уми ноябр рӯзи дувуми оташбаси муваққатӣ дар Ғазза аст.

Ба гузориши "Ассошиэйтед Пресс", интизор меравад, гуруҳи “Ҳамос”, ки аз тарафи Амрико ва Иттиҳоди Аврупо террористӣ шинохта шудааст, гаравгонҳои бештарро раҳо кунад.

Инчунин озодии зиндониёни фаластинӣ аз Исроил ва интиқоли ёриҳои башардӯстона ба Ғазза дар назар аст.

Мақомоти мисрӣ 25-уми ноябр хабар доданд, ки "Ҳамос" дар рӯзи дувуми оташбас дар ивази раҳоии 42 маҳбуси фаластинӣ 14 гаравгони исроилиро озод хоҳад кард.

Дар рӯзи аввали оташбас, 24-уми ноябр, гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аз миёни 240 гаравгони гирифтааш 24 нафарро раҳо кард. Исроил 39 фаластиниро раҳо намуд.

Гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ваъда додааст, ки дар тӯли чаҳор рӯзи оташбас дастикам 50 гаравгонро раҳо хоҳад кард. Аз сӯйи дигар, Исроил гуфтааст, ки 150 зиндонии фаластиниро озод мекунад.

Баъд аз ҳамла ба Исроил дар рӯзи 7-уми октябри имсол гурӯҳи тундрави “Ҳамос” ҳудуди 1200 нафарро кушт ва зиёда аз 240 нафарро гаравгон гирифт.

Пас аз ин ҳодиса Исроил ҳамлаҳои худро ба Ғазза оғоз кард ва гуфт, ки ҳадафаш аз байн бурдани “Ҳамос” аст.

Вазорати тандурустии Ғазза, ки таҳти назорати гурӯҳи тундрави “Ҳамос” аст, гуфта, ки дар пайи ҳамлаҳои Исроил то кунун беш аз 13 ҳазору 300 нафар дар Ғазза кушта шуданд.

XS
SM
MD
LG