Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия сарвазири собиқро “агенти хориҷӣ” номид


Михаил Касянов
Михаил Касянов

Вазорати адлияи Русия рӯзи 24-уми ноябр сарвазири пешин ва сиёсатмадори мухолиф Михаил Касяновро ба рӯйхати “агентҳои хориҷӣ” дохил кард.

Тибқи гузоришҳо, ӯ Русияро тарк кардааст.

Касянови 65-сола дар солҳои 2000-2004 нахуствазири Русия буд, вале баъдан ба мунтақиди президент Владимир Путин ва ҳукумати ӯ табдил шуд.

Номи Иля Венявкин, муаррихи даврони Сталин ва рӯзноманигор Идрис Юсуповро низ ба рӯйхати "агентҳои хориҷӣ" даровардаанд.

Мақомоти Русия чанд сол боз барои саркӯб ва бастани даҳони мухолифону мунтақидони худ аз қонуни баҳсбарангез дар бораи агентҳои хориҷӣ истифода мекунанд.

XS
SM
MD
LG