Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳод барои манъи таблиғи фолбинӣ дар Қирғизистон


Вакили порлумони Қирғизистон Марлен Маматалиев пешниҳод кард, ки ба қонун дар "бораи реклама"-и Қирғизистон тағйирот ворид кунанд.

Бино ба пешниҳоди ӯ, "таблиғи фолибинӣ, хоббинӣ, сеҳргарӣ ва дигар навъҳои хадамоти соҳирӣ бояд манъ карда шавад».

Маматалиев гуфт, "маҳзункунанда аст вақте мебинӣ, ки дар асри технологияҳои олӣ ва равнақи илмӣ дар кишвари мо одамоне пайдо мешаванд, ки ба доми ҷодугарону фолбинон меуфтанд".

Қонунгузории Қирғизистон таблиғи маводи мухаддир, порнография ва харидуфурӯши одамонро манъ кардааст.

XS
SM
MD
LG