Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина чанд шаҳрванд ва ширкати узбекистониро таҳрим кард


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Владимир Зеленский, президенти Украина ду фармонеро имзо кард, ки бар асоси онҳо 147 шаҳрванди Русия ва кишварҳои дигар таҳрим шудаанд.

Фармонҳои мазкур нисбати шаҳрвандони Русия, Кипр, Швейтсария, Бритониё, Узбекистон ва Белорус таҳрими 10-сола ҷорӣ мекунад.

Ширкатҳои узбекистонии "Аккерман Семент" (Оҳангарон), "Оҳангарсемент" ва шаҳрвандони ин кишвар Нарзиева Наргиза Эркиновна (соли таваллудаш 1984) ва Носирхоҷаев Шоҳрух Олимҷонович (соли таваллудаш 1980) шомили ин таҳримҳо шудаанд.

Дороиҳои ин ширкатҳо ва шаҳрвандон ҳабс ва хариду фурӯшашон манъ, саҳмияҳояшон аз гардиш боз дошта шудааст.

Дар фармони имзокардаи Зеленский гуфта нашудааст, ки шаҳрвандон ва ширкатҳои мазкур барои содир кардани кадом қонуншиканӣ шомили таҳримҳо шудаанд.

XS
SM
MD
LG