Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон боздошти фаъолон идома дорад


Узви гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Алга, Қазоқистон!” Сандугаш Санд-Ахмет 23-юми ноябр дар маҳалли кораш дар шаҳри Костанайи Қазоқистон боздошт ва ба шуъбаи пулис бурда шудааст.

Гуруҳи мониторингии "АктивистыНеЭкстремисты" дар Қазоқистон хабар дода, ки фаъоли мадании дигар Даурен Султангалиро ҳам дастгир кардаанд.

Интизор меравад, додгоҳ парвандаи ӯро бар асоси банди "Нақзи қонун дар бораи ҷамъомадҳои осоишта" баррасӣ кунад. Даурен Султангалӣ 23 ноябр хабар дод, ки дар шуъбаи пулис қарор дорад ва ӯро дар хонааш боздошт кардаанд.

Ба гуфтаи Султангалӣ, вай дар нақзи тартиби баргузор кардани ҷамъомадҳои осоишта муттаҳам мешавад. Ӯ ин иттиҳомро рад кард.

Додгоҳи шаҳри Остонаи Қазоқистон дар арафаи тазоҳуроти эҳтимолӣ дар рӯзи 25 ноябр дастикам 6 фаъоли маданиро ба муҳлати аз 15 то 20 шабонарӯз ҳабс намуд.

Бунёди ҳомии ҳуқуқи "Qaharman" 22 ноябр дар шабакаи иҷтимоии "Фейсбук" хабар дод, ки додгоҳ бояд ҳукми худро нисбат ба се фаъоли дигар эълом кунад.

Ҳамаи маҳкумшудаҳо дар нақзи "Тартиби баргузории ҷамъомадҳои осоишта" айбдор дониста шудаанд.

Маҳкумшудаҳо фаъолоне ҳастанд, ки ҳафтаи гузашта дар рӯзи муҳокимаи додгоҳии Марат Жиланбоев, раҳбари ҳизби сабтиномнашудаи "Алға, Қазақстан!" дар назди додгоҳи Остона ҷамъ шуда буданд.

Қаблан фаъолони қазоқистонӣ эълом карда буданд, ки мехоҳанд рӯзи 25 ноябр бо талаби раҳоии Марат Жиланбоев тазоҳуроти осоишта баргузор кунанд. Вале ҳукуматҳои маҳаллии 11 шаҳри Қазоқистон, бо шумули Остона ва Алмато ба баргузории чунин тазоҳурот иҷозат надоданд.

XS
SM
MD
LG