Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Келину хушдоман навори ҷанҷолашонро шарҳ доданд


Дар ин навор зоҳиран келин ҷанҷол бо хушдоманашро сабт кардааст.
Дар ин навор зоҳиран келин ҷанҷол бо хушдоманашро сабт кардааст.

Келину хушдомане, ки видеои ҷанҷолу занозаниашон ҳафтаи гузашта ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дар навори наве мавзуъро шарҳ доданд.

Дар навори пешина дида мешуд, ки келину хушдоман бо ҳам ҷанҷол ва ҳамдигарро таҳқир мекунанд. Арӯси хонадон хушдоманро ба он гунаҳкор мекунад, ки ӯ ва фарзандонашро латукӯб кардааст. Кӯдакон низ дида мешаванд, ки аз ҷанҷоли ду нафар тарсидаанд ва гиря доранд. Хушдоман чизу чора ва ганҷаро чаппа мекунад ва арӯс иддао мекунад, ки ганҷа ва қуттиҳо ба рӯйи бачааш афтодаанд. Вай фиғон мекашад, ки кӯдакашро куштаанд.

Дар навори наве, ки рӯзи 22-уми ноябр дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шудааст, дида мешавад, ки келину хушдоман паҳлуи ҳам нишастаанд. Онҳо шарҳ медиҳанд, ки навори нашршудаи ҷанҷолашон куҳна буд ва ҳоло ҳарду оштӣ шуда, дар канори ҳам бо ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ доранд.

Келини хонавода гуфт, ки он видеоро дар сари қаҳр ҳангоми як ҷанҷол бо хушдоманаш тақрибан якуним сол пеш сабт карда буд, вале ҳадафаш паҳн кардан набуд. Хушдомани ӯ низ дар ин видео нақл кард, ки дар ҳақиқат вақте ки келинаш ба ӯ ҳарфҳои сахт зад, бо ӯ ҷанҷол карда буд. Маълум нест, ин наворро кӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардааст.

Феълан тасдиқи дурустии ҳарфҳои келину хушдоман мушкил аст. Мақомот низ дар ин бора чизе нагуфтаанд. Одатан чунин наворҳо хеле зуд таваҷҷуҳи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қонунро ҷалб карда, пайодмаҳое ба дунбол доранд.

Дар Тоҷикистон хушунати хонаводагӣ ё ҷанҷоли келину хушдоман як масъалаи доғ боқӣ мондааст, ки гоҳе ҳатто бо марг ё худкушӣ меанҷомад.

XS
SM
MD
LG