Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИМА ба Украина мушакандози HIMARS ирсол мекунад


ИМА рӯзи душанбе аз ирсоли бастаи нави кӯмакҳои низомӣ ба Украина хабар дод. Бастаи нави кӯмакҳо, ки аз 100 млн доллар иборат аст, низоми мушакандози HIMARS-ро дар бар мегирад.

Ба илова, Украина барои низомҳои мушакандози "Стингер" ва низомҳои зиддитонкии "Ҷавелин", TOW ва АТ-4 ва дигар навъи тӯпхонаҳо мушак, тир ва муҳимоти ҷангӣ дарёфт хоҳад кард.

Энтони Блинкен, вазири корҳои хориҷии ИМА гуфт, бастаи нави кӯмакҳо ба Украина дар озодсозии ҳудудҳои аз сӯи Русия ғасбшудааш ёрӣ хоҳад расонд.

"То замоне, ки Русия ҷанги шуруъкардаашро қатъ насозад, ИМА ва ҳампаймононаш, ки бештар аз 50 кишварро дар бар мегиранд, ба Украина кӯмак хоҳанд кард", - омадааст дар изҳороти Блинкен.

XS
SM
MD
LG