Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додгоҳе дар Алмато бахши қазоқии Радиои Озодиро ҷарима баст


Додгоҳе дар шаҳри Алматои Қазоқистон бахши қазоқии Радиои Озодиро наздики 220 доллар ҷарима баст. Ин парвандаи маъмурӣ дар доираи моддаи нав боз шуд, ки онро шабеҳи қонуни Русия "дар бораи фейкҳо" меноманд.

Қарори додгоҳ рӯзи 16 ноябр содир шуд.

Додгоҳ бар асоси шикояти сокини шаҳри Чимкенти он кишвар Алишер Тӯрабоев нисбати Радиои Озодӣ парвандаи маъмурӣ боз кардааст. Турабоев шикоят кардааст, ки Радиои Озодӣ бо истифодаи ибораи "аз ҷониби Русия роҳбарӣ шудани Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ ё СПАД" "дурӯғпароканӣ кардааст".

Дар рафти муҳокимаи парванда додгоҳ дархости вакили мудофеи Радиои Озодиро дар мавриди ташхиси забоншиносӣ ва қатъи парванда рад кард.

XS
SM
MD
LG