Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷозоти 22 пайрави "Нақшбандия" дар Узбекистон


Мақбараи Баҳовуддини Нақшбанд дар вилояти Бухоро.
Мақбараи Баҳовуддини Нақшбанд дар вилояти Бухоро.

Додгоҳе дар шаҳри Тошканд 22 пайрави тариқати "Нақшбандия"-ро бо гумони “таъсиси созмони ғайриқонунии динӣ” муҷозот кардааст.

Бар асоси ҳукм, ки 31 июли соли 2023 аз сӯи Додгоҳи ноҳияи Шайхонтоҳури Тошканд содир шудааст, маҳкумшудаҳо гуруҳи зиёиён, аз ҷумла соҳибкорон бо шумули як профессор ҳастанд, ки тавассути "таъсиси созмони динии ғайриқонунӣ" ақидаҳои "Нақшбандия"-ро паҳн мекардаанд.

Дар ҳукми додгоҳ, ки нусхаи он рӯзи 8 ноябр ба дасти бахши узбекии Радиои Озодӣ расид, гуфта мешавад, “гурӯҳи 22-нафарӣ дар "нақзи тартиби таъсиси иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои динӣ, баргузории маҷлису маросимҳои динӣ” айбдор дониста шудаанд.

Озодии бештари боздоштшудаҳо аз 2 то 3 сол маҳдуд ва бархе аз онҳо маҳкум ба зиндон гаштаанд.

Тариқати "Нақшбандия" дар Узбекистон мамнуъ эълом нашудааст ва он дар ин кишвар пайравони зиёд дорад.

XS
SM
MD
LG