Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи фаъолияти низоми пардохтии "QIWI" дар Узбекистон


Низоми пардохтии русии "QIWI" фаъолияти худро дар Узбекистон аз 18 декабри имсол қатъ мекунад.

Низоми пардохтии русии "QIWI" фаъолияти худро дар Узбекистон аз 18 декабри имсол қатъ мекунад.

Ин тасмими баъди он эълом шуд, ки Бонки миллии Узбекистон қоидаҳои муомилоти асъорро сахттар ва баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.

"Қариб 90%-и муштариён ҳамёни моро барои пардохти пули хидматрасониҳои хориҷӣ ва интиқоли пул ба берун аз Узбекистон истифода мебурданд ва ҳоло ин амалиёт ба далели маҳдудиятҳо номумкин шудааст", - омадааст дар иттилоияи сомонаи "QIWI Uzbekistan".

"QIWI Uzbekistan" аз тамоми муштариёнаш даъват кардааст, ки пулҳои худро аз ҳамёнҳо пас гиранд, чун сар аз 16 ноябр барои нигаҳдории пул дар ҳамён рӯзона 75 ҳазор сӯм ситонида мешавад.

XS
SM
MD
LG