Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як вакили пешини порлумони Қирғизистон боздошт шуд


Жанибек Бакчиев.
Жанибек Бакчиев.

Расонаҳои Қирғизистон хабар медиҳанд, ки вакили пешини порлумони он кишвар Жанибек Бакчиев ҳанӯз 25-уми октябр боздошт шудааст.

Дар мақомоти додгоҳии Қирғизистон танҳо рӯзи 14 ноябр ин иттилоъро тасдиқ карданд.

Ба ин тартиб, Бакчиев то 23 декабр ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.

Додгоҳ ӯро бо гумони "Бо ҳадафи фурӯш ғайриқонунӣ омода кардани маводи мухаддир, моддаҳои психотропӣ ва ба он монанд" ҳабс кардааст.

Жанибек Бакчиеви 56-сола аз ҷиноҳи "Бир Бол" вакили порлумон буд. Пеш аз ин дар мақомоти ҳокимияти иҷроияи Қирғизистон кор мекард.

XS
SM
MD
LG