Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири қирғиз гуфт, муҳоҷирони баргашта бо ҷои кор таъмин мешаванд


Ҷеенбек Кулубоев
Ҷеенбек Кулубоев

Вазири умури хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев 14 ноябр дар як ҳамоиш гуфт, дар ҳоли ҳозир дар он кишвар 60 ҳазор ҷойи холии корӣ мавҷуд аст ва шаҳрвандоне, ки аз хориҷ бармегарданд, метавонанд дар ватан ҷойи кор пайдо кунанд.

Ба гуфтаи Кулубоев, сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон соли оянда оғоз мешавад, ки дар натиҷа аз 10 то 30 ҷойи корӣ ташкил хоҳад шуд. Ҳамчунин барои бунёди неругоҳи Қамбарота низ кормандон лозим мешаванд.

Кулубоев афзуд, ки шаҳрвандони Қирғизистон ба ҷуз аз Русия, барои пайдо кардани кор ба Куриёи Ҷанубӣ, Ҷопон, Олмон ва як қатор кишварҳои Аврупо сафар мекунанд.

Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон ахиран хабар дод, ки аз моҳи январ то моҳи сентябри имсол 1900 шаҳрванди ин кишвар аз Русия ихроҷ шудааст.

Ба гуфтаи сардори намояндагии вазорат дар Русия Кубандик Акматбеков, соли гузашта шумори қирғизистониҳое, ки аз Русия ихроҷ шуданд, ба 2200 нафар расида буд.

Бино ба иттилои расмӣ, 1 миллиону 63 ҳазор қирғизистонӣ дар Русия кору зиндагӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG