Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пурсиш аз мардум: Чаро таваҷҷуҳ ба ҳаҷ дар Тоҷикистон зиёд шудааст? ВИДЕО


Солона ҳазорҳо нафар барои адои ҳаҷ ба шаҳри Макка мераванд
Солона ҳазорҳо нафар барои адои ҳаҷ ба шаҳри Макка мераванд

Шабакаҳои иҷтимоӣ пур аз эълонҳо дар бораи фиристодан ба ҳаҷ бахусус ҳаҷҷи умра аст. Дар як соли ахир садҳо нафар аз тариқи Узбекистон барои адои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ рафтанд. Дар Тоҷикистон ҳам агар қаблан як ширкат ба фиристодани мардум ба ҳаҷҷи умра машғул буд, ҳоло ду ширкат ва ҳам Кумитаи дин зоиринро ба Арабистони Саудӣ мебаранд.

Назарҳо ба адои ҳаҷ, ки яке аз панҷ рукни дини Ислом ҳисоб мешавад, дар ҷомеаи Тоҷикистон яксон набудааст. Як гуруҳ ба ин назаранд, ки бо даст додани имконият бояд ин фаризаи диниро иҷро кард, вале гуруҳи дигар пешниҳод мекунанд, ки ба ҷойи ҳаҷ аз ҷумла ҳаҷҷҳои такрорӣ бояд дар дохили кишвар ҷойеро обод кард. Хабарнигорони Радиои Озодӣ аз сокинони Душанбе ва вилояти Хатлон пурсиданд, ки назарашон ба ин масъала чист? Аз як руҳонӣ ҳам суол кардем, ки аз нигоҳи динӣ барои кадом гуруҳи мардум рафтан ба ҳаҷ фарз аст? Посухҳои сокинон ва руҳониро дар инҷо хонед:

  • Барои ҳар кас насиб намешавад, ки ба хонаи Худо рафта, зиёрат кунӣ
  • Мо ҳаҷ нарафтем, даромадамон камтар аст
  • Некуаҳволии мардум беҳтар шудааст. Мардуми мо мусалмон аст ва бояд ин суннатро ба ҷо орем
  • Ман ба ҳаҷҷ нарафтам, бо пули нафақа ба ҳаҷ рафтан намешавад
  • Ман пул дошта бошад, ҳозир меравам
  • Барои онки нарх ҳозир арзон шудагӣ аст.
  • Навбат барои ҳаҷҷи фарзӣ зиёд ва ҳам нархаш қимат. Ҳаҷҷи фарзӣ қариб 60 ҳазор сомонӣ, ҳаҷҷи умра 15 ҳазор сомонӣ. Барои ҳамин мардум ҳаракат мекунанд, ки ҳаҷҷи умра рафта, ҷойҳои муқаддасро зиёрат кунанд
  • Муҳоҷирон ҳаракат мекунанд пул ҷамъ карда, падару модарро ба ҳаҷ фиристанд.

Назари Ҷамолиддин Хомӯшӣ, сардори Раёсати фатвои Шӯрои уламо

Ҳаҷ ба нафаре фарз мешавад, ки оқил, болиғ (ба балоғат расида), саломатиаш имконпазир ва имкони молӣ дошта бошад. Яъне ҳаминхел шароит дошта бошад, ки то бозгашти ӯ хонаводааш аз ҷиҳати молӣ таъмин бошанд.

Чаро талабгорони ҳаҷ дар Тоҷикистон зиёд шудааст?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:18 0:00

БИНАНДАГОНИ АЗИЗ, НАЗАРИ ШУМО БА ИН МАВЗУЪ ЧИСТ? МЕТАВОНЕД ДАР ЗЕРИ БАРНОМА НАВИСЕД.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG