Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сомонаи мустақили Kloop-ро дар Қирғизистон бастанд


Дастрасӣ ба саҳифаи қирғизии расонаи мустақили Kloop дар ҳудуди Қирғизистон маҳдуд шудааст.

Аз идораи Kloop.kg гуфтанд, ин тасмим дар пайи қарори вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонон гирифта шудааст. Вазорати фарҳанг дар номае аз санаи 1 ноябри соли ҷорӣ ба вазорати рушди рақамии Қирғизистон гуфтааст, Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон дастури бастани сомонаро додааст.

"Сомонаи Kloop.kg ба далели нашри мақолаи "Сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков гуфт, ӯро дар боздоштгоҳ шиканҷа кардаанд" баста шуд. Ба ин далел вазорат аз шумо мехоҳад, ки фаъолияти сомонаи ky.kloop.asia-ро қатъ кунед", - омадааст дар номаи вазорати фарҳанг ба вазорати рушди рақамӣ.

Моҳи сентябри соли ҷорӣ ширкатҳои таъминкунандаи интернет дар Қирғизистон дастрасӣ ба сомонаи русии Kloop.kg-ро маҳдуд карда буданд.

Чанде аз созмонҳои байналхалқии ҳомии озодии расонаҳо аз мақомоти Қирғизистон даъват карданд, ки фаъолияти Kloop.kg маҳдуд ё қатъ накунанд.

XS
SM
MD
LG