Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Расонаҳо: Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон ҳамсарашро то дами марг латтукӯб кардааст


Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон Қуандиқ Бишимбоев. Акс аз вебсайти вазорат
Вазири пешини иқтисоди Қазоқистон Қуандиқ Бишимбоев. Акс аз вебсайти вазорат

Як қатор расонаҳои Қазоқистон шоми 9 ноябр аз боздошти вазири пешини иқтисоди ин кишвар Қуандиқ Бишимбоев хабар доданд.

Бино ба хабарҳо, Қуандиқ Бишимбоев дар латтукӯби ҳамсараш, ки бар асари бардоштани ҷароҳати вазнин ҷон додааст, муттаҳам мешавад.

Расонаи "Tengrinews" бо истинод ба Вазорати умури дохилии Қазоқистон хабар дода, ки шоми 9 ноябр дар яке аз тарабхонаҳои шаҳри Остона миёни муштариён ҷанҷол сар зада, дар натиҷа як зан ҷон бохтааст. Гумонбарро пулис дастгир кардааст.

Қуандиқ Бишимбоев моҳи марти соли 2018 бо ҷурми фасодкорӣ дар даврони роҳбари ширкати миллии "Байтерек" буданаш, 10 сол зиндонӣ шуда буд. Октябри соли 2019 ӯро шартан ва пеш аз мӯҳлат аз зиндон озод карданд.

Қуандиқ Бишимбоеви 43-сола то замони ҳабсаш дар соли 2017 дар мақомҳои баланди давлатӣ кор кардааст. Дар ҷавониаш дар мақоми ёвари президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ҳам ифои вазифа кардааст. Дар 26-солагӣ бори аввал ба мақоми вазирӣ таъин шуда буд.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG